Ба гузориши хабаргузории Абно, Яир Лапид, раиси ҷараёни мухолифин дар режими саҳюнистӣ, бо эътироф ба туҳуш (ваҳшигарӣ)-и шаҳракнишинони саҳюнист алайҳи сокинони Соҳили Ғарбӣ иқрор кард, ки ин ҳамлаҳо аз муддатҳо пеш аз назорат берун шудаанд.
Вай илова кард, ки артиши режими саҳюнистӣ бояд дар Соҳили Ғарбӣ даст ба амал занад. Ин дар ҳолест, ки ҳамлаҳои шаҳракнишинони саҳюнист алайҳи сокинони ин минтақа бо ҳимояти низомиёни саҳюнист сурат мегирад.
Чанде қабл Фарҳан Ҳақ, муовини сухангӯи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эътироф кард, ки ҳамлаҳои шаҳракнишинони саҳюнист алайҳи сокинони Соҳили Ғарбӣ, бо таваҷҷуҳ ба гузоришҳои Дафтари умури инсонии ин созмон, тӯли моҳи октябри гузашта ба 264 ҳолат мерасад, ки баландтарин адади моҳона тӯли 20 соли гузашта маҳсуб мешавад.
Вай афзуд, ки ин ҳамлаҳо боиси шаҳодати теъдоде аз фаластиниҳо ва аз байн рафтани амволи онҳо шудааст.
Ҳақ тасреҳ кард, ки таҷовузоти шаҳракнишинони саҳюнист боиси оворагии 3200 фаластинӣ аз хонаҳои худ ва шаҳодат ва захмӣ шудани садҳо нафари дигар шудааст.
Вай баён кард, ки ин саҳюнистҳо иқдом ба қатъи дарахтони зайтун ва оташ задани худравҳо ва хонаҳои фаластиниҳо мекунанд. Ҳамчунин дар ин ҳамлаҳо 42 кӯдаки фаластинӣ тӯли соли ҷорӣ ҷони худро аз даст додаанд.
Your Comment